Нигина ва Мирмалик Автор: Додохони Эгамзод Жанр: Исторические любовные романы https://coollib.xyz/b/618982-dodohoni-egamzod-nigina-va-mirmalik Романи таърихии "Нигина ва Мирмалик" рӯйдодҳои сӣ соли аввали қарни сенздаҳуми милодиро аз ҷулуси Хоразмшоҳи сонӣ то ҳуҷуми Чингизхон дарбар мегирад. Ҳоким ва сипаҳсолори диловари Хуҷанд Мирмалик ибни Мирраҳмат, ки бо лақаби "Темурмалик" машҳур аст ва раққосаи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ Нигина бинти Абдул Сайид, ки "кабӯтари ҳарам" лақаб дошту "ситораи тобони осмони Мовароуннаҳр" пазируфта шуда буд, қаҳрамонҳои асосии асар буда, ибтидою интиҳои ишқи поки онҳо ҳусни оғозу анҷоми ин чакома аст. Шайхҳои номдори он айёми пурихтилоф Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ, Бурҳониддини Валӣ, шоирон Саъдии Шерозӣ, Сайфуддини Исфарангӣ ва шаҳзода Ҷалолиддин силсилаҷунбонҳои ин достони ошиқона ва орифона мебошанд. https://coollib.xyz/i/82/618982/cover.jpg